суббота, 9 февраля 2013 г.

хабари руз точики

Инчунин, шархи муаллиф дар бобати навгонихои адабии Самаркандшахр ба монанди чопи дафтари нави шеърхои Дилшоди Фарходзод ва рисолаи илмии доктори у

Дар идомаи андешаронихои чолиби худ оид ба ислохоти сохаи маориф, муаллиф Адаш Истад ба ишораи раисчумхур дар нишасти Шурои Чамъияти ба макоми болои маориф дар Чопон таъкид мекунад ва бо афсус мегуяд, ки чунин мавзуи мухим дар он нишаст ва берун аз он дар расонахои хабари низ идомаи бахсу мухокома наёфт. Торнигор далелу ракамхоро аз дастовардхои низоми омузиши ин кишвари пешрафтаи дунё руи сахифа оварда, акидаи худро оид ба зарурати ислохоти соха дар Точикистон бо назардошти тачрибахои пешкадами кишвархои мухталиф кувват бахшидааст. Муаллифи торнигор боз пешниход мекунад, ки мактабхо бояд ба се намуд чудо карда шаванд: мартабаи оол" (ба мисли донишгохи Оксфорд), мартабаи миёна ва мартабаи сеюм.

Инчунин, торнигор пурсиши хаводорони кадом хизби сиёсии Точикистон будани хонандагонашро аз нав гузаронида истодааст, ки мувофики натичахои он то хол Хизби Сотсиал Демократ 45%, Хизби Нахзати Ислом 17% ва Хизби Халки Демократи 12% овозхоро сохиб шудаанд.

Ин торнигор нигохи худро ба пешниходи тозаи Хизби Сотсиал Демокротии Точикистон меандозад, ки дар он аз чумла аз хукумати маркази хохиш карда мешавад, ки барои гузаронидани интихоботи шаффофтар ва одилонатар ба Мачлиси Оли рузи он ба мавсими гармтаре тагъир дода шавад, то мардум аз набуди барк ва сардии зимистон азият накашида, имкони дидани таблиготхои зиёдтар бошанд ва шароити хубтари иштирок кардан дар интихобот пайдо намоянд. Вагарна, ба андешаи муаллифи торнигор, хукумат мехохад, ки мардум сармозадаву хоболуд чун даврахои пешин интихоби галат намоянд.

Нихоят, дар робита ба нишасти хабарие, ки раисчумхур Рахмон хафтаи гузашта баргузор карда буд, кайд мекунад, ки ин маърака кушоду равшан расонахои хабарии чумхуриро ба худиву бегона чудо карда, паст задани хукуку эътибори дуввуми хисоб мешавад ва чунин рафтор нодуруст буда, натичаи мусби нахохад дод. Ба хулосаи торнигор, рузноманигори аз давлат бояд куллан чудо бошад ва хакикатчуиву ростгуи шиор ва вазифаи хамаи расонахои хабари дар пеши чомеа аст.

Баъдан, торнигор бо пахши фарохонии Бунёди хайрияи Вароруд, ки аз суи Порсизабонони Бритониё таъсис ёфтааст, бо се забон хамагонро ба сармоягузори ба Точикистон ва махсусан, ба сохтмони неругони Рогун ба хотири кумак намудан барои халли мушкилихои кишвари факрзадаамон даъват мекунад. Вале, пас аз мушохидахои баъди аз фишори хукумат ба мардум барои харидани сахмияхои Рогун ва пешниход накардани барномаи мукаммалу боварибахши чалби сармоягузори аз чониби хукумат, хитоб мезанад, ки “накџкор" иgбор" намешавад”.

Нахуст, муаллиф Дориюши Рачабиён бо навиштаи “Тартиботи бетартиби иттилоъоти пул"” ба карори нави хукумати чумхури оид ба Тартиби gуброн намудани хароgоте, ки бо пешниcод намудани иттилоот ба маKомоту ташкилотcо алоKаманд аст ишора намуда, номувофик будани онро бо конунхои дигари кишвар, мавриди суистифодаи мансабдорон карор гирифтан ва минбаъд садди рохи дастасии иттиллоот ба чомеа шудани чунин карорро мазаммат мекунад ва пешниход менамояд, ки аккалан тачрибаи давлатхои демокроси дар ин чодда ба назар гирифта шавад.

Бинобарин, аз ин пас чамъбаст намудани навиштахои баъзе аз торнигорхои фаъол хар мох мухим хохад буд ва ман хулосаи онхороP то нимаи мохи декабр омода кардам, ки дар зер аст. Бо даст ёфтан ба фурсати бештар эхтимол онро давом медихам.

Хурсандибахш аст, ки руз аз руз олами торнигорхои Точики (блогистон) чонноку рангинтар мегардад ва бар иловаи сомонахои хабарии маъмули, акнун мардум барои дарёфти тахлилу андешахои нав ба ин торнигорхо низ бештар сар мезананд. Аз як су, шумораи торнигорхо зиёд гашта бошад, аз суи дигар навиштахои онхо чолибтару бурротар шуда истодааст, ки ин бешак ба як раванди мухими демокроси бо номи “хабарнигории шахрванди” (citizen journalism) дар Точикистон сахми арзандае мегузорад.

Торнигорхо хам хамчун расонахои хабари дар раванди демокросисози мухиманд

Category Archives: Истаравшан

Биё, сар баланд кун зи обу зи гил!

Истаравшан | Бахти Mиллат | Page 4

Комментариев нет:

Отправить комментарий